Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути киштӣ 90 муҳоҷирро дар соҳилҳои Либиё қурбон кард


Муҳоҷирони қоиқи пур аз одам дар бандарҳои Либиё
Муҳоҷирони қоиқи пур аз одам дар бандарҳои Либиё

Бар асари чаппа шудани қоиқи пуродам дар соҳилҳои Либиё ҳудуди 90 муҳоҷири ғайриқонунӣ ба ҳалокат расид. Дар ин бора Созмони байналмилалии муҳоҷират рӯзи 2 феврал хабар дод. То ҳол ҷасади 10 муҳоҷир ёфта шуда, аз ин фоҷеа танҳо 3 нафар ҷон ба саломат бурд.

Онҳо ба пулис гуфтанд, ки аксари ҳалокшудаҳо покистонӣ буданд ва мехостанд ба Италия раванд. Ду мусофири қоиқ худашон то соҳил расиданд, як нафари дигарро моҳигирҳо наҷот доданд. Теъдодии умумии қурбониҳо мушаххас мешавад.

Ба гуфтаи Созмони байналмилалии муҳоҷират, соли гузашта беш аз 3 ҳазор нафар дар баҳри Миёназамин ба ҳалокат расид. Теъдоди онҳое, ки аз тариқи баҳр то Италия расидаанд, 118 ҳазор ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG