Писари бузурги Фидел Кастро субҳи 1-уми феврал дар Куба худкушӣ кард. Дар ин бора хабаргузории расмии Prensa Latina бо такя ба телевизиони давлатӣ гузориш дод.
Фидел Анхел Кастро Диас-Баларт, ки 68 сол дошт, аз депрессия ё зиндагибезорӣ табобат мегирифт. Ӯ аввал дар бемористон буд, вале баъдан ба хона баргашта, табобатро таҳти назорати табибон идома дод. Бинобар монандии зоҳирӣ бо падараш ӯро Фиделито мегуфтанд.
Писари Фидел Кастро доктори илм буд ва дар Академияи улуми Куба ба ҳайси муовини президент фаъолият мекард. Ӯ солҳои 80-ум ба барномаҳои ҳастаии кишвараш раҳбарӣ кард. Фидел Анхел Кастро дар Донишгоҳи Маскав ва Воронежи Русия дар риштаи "физикаи ҳастаӣ" таҳсил карда буд.
Гуфта мешавад, ки олим номаи қабл марг боқӣ гузошт.
Худи Фидел Кастро, ки 50 сол раҳбари Куба буд, моҳи ноябри соли 2015, дар синни 90-солагӣ аз дунё даргузашт.