Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури дини Қазоқистон дарозии ришро мушаххас мекунад


наҳваи ришгузорӣ
наҳваи ришгузорӣ

Дар Қазоқистон тасмим доранд, ба қонун "Дар бораи фаъолияти динӣ ва созмонҳои мазҳабӣ" тағйиру илова ворид кунанд. Ин тағйирот ба шакл ва дарозии риш рабт дорад.

Вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон Нурлан Ермекбоев рӯзи гузашта баъди муаррифии иловаҳо гуфт, ки тағйирот "ба намоиш гузоштани нишонаҳои зоҳирии диндории ҷараёнҳои харобиоварро манъ мекунад". Вай дақиқан нагуфт, ки зери мафҳуми "ҷараёнҳои харобиовари мазҳабӣ" чиро дар назар дорад. Ермекбоев афзуд, "дар сурати зарурат дарозии ришро ҳам мушаххас хоҳанд кард".

"Гап дар бораи ҳамаи навъи риш, дар бораи руҳониён намеравад. Мо онҳоеро дар назар дорем, ки тағйиротҳо маҳз ба хотири онҳо қабул мешаванд, ин тоифа ба ҷараёнҳои харобиоварӣ мазҳабӣ мегараванд", - гуфт Нурлан Ермекбоев.

Ба гуфтаи вазир, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосҳое, ки чеҳраи одамро пинҳон мекунанд, мамнуъ мешавад. Баъд аз қабул шудани тағйирот, нисбати занҳои ниқобпӯш аз сӯи пулис санад тартиб дода мешавад. Ҷарима барои пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 50 нишондиҳанда - бештар аз 370 долларро ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG