Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов ва даҳҳо олигархи рус дар рӯйхати таҳримҳои ояндаи Амрико


Алишер Усмонов бо Владимир Путин
Алишер Усмонов бо Владимир Путин

Вазорати молияи Амрико рӯйхати сиёсатмадорон ва олигархҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путинро тартиб дод, ки ҳадафи таҳримҳои ояндаи Иёлоти Муттаҳида хоҳанд буд. Ба истилоҳ, "Гузориши Кремлин", 114 мақому сиёсатмадор ва 96 олигархро дар бар мегирад. Гуфта мешавад, ин афрод бо истифода аз наздикӣ бо Путин пулу сарват ва қудратро соҳиб шудаанд. Ин феҳристро ғайрирасмӣ "Рӯйхати Путин" ҳам ном мебаранд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 30-юми январ навишт, ба ин феҳрист миллионер Алишер Усмонов, Роман Абромович, Сулаймон Каримов ва Евгений Касперский, муассиси барномаи Kaspersky Lab, низ шомиланд.

"Гузориши Кремлин" рӯзи 29-уми январ ба Конгресс ироа шуда буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи душанбе гуфт, ки ба бовари ӯ эълони рӯйхати афроди сарватманди наздик ба Путин, талоши Вашингтон барои дахолат ба умури интихоботи президентии моҳи март дар Русия аст.

XS
SM
MD
LG