Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: "Соли 2017 марз бо Тоҷикистон пурҳодиса буд"


Дидбонгоҳе дар марзи Қирғизистон
Дидбонгоҳе дар марзи Қирғизистон

Масъулони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи ин ниҳод гуфтанд, ки соли 2017 марз бо Тоҷикистон дар муқоиса бо мавзеъҳои дигари сарҳадӣ пурҳодиса буд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои хадамот, соли 2017 вазъ дар марзи Қирғизистон ба сурати умум муътадил буд.

“Соли гузашта 14 ҳодисаи марзӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2016 шаш ҳолат камтар аст. Аз ин миён, 10 ҳодиса дар марз бо Тоҷикистон ва 4 маврид бо Узбакистон ҷой дошт”, - мегӯяд манбаъ.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки то ба ҳол 519 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ҷанҷол дар байни бошандагони ду кишвар маъмулан дар мавзеъҳое рух медиҳанд, ки ҳарду тараф онро қаламрави худ мешуморанд.

Дар нишасти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ҳамчунин гуфта шуд, ки соли гузашта 218 нафар бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон боздошт шудаанд. Ба иттилои хадамот, марзбонони ин кишвар дар соли сипаришуда 37 силоҳ, 273 лавозимоти ҷангӣ ва 1 дона тири тӯп мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG