Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазири корҳои хориҷии Узбакистон дар Душанбе


Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Саидикром Ниёзхоҷаев, муовини вазири корҳои хориҷии Узбакистон, бо як сафар ба Душанбе омадааст. Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ гуфтанд, ки Ниёзхоҷаев дар “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон” иштирок кард.

Ҷаласаи дувоздаҳуми “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон” рӯзи ҷумъа дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳам иштирок карданд. Масъалаи ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, амнияти минтақа ва рушди ҷаҳонгардӣ аз мавзуъҳои баҳси нишаст будааст.

Бино ба хабарҳои расмӣ, дар ҳошияи ин нишаст вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Саидикром Ниёзхоҷаев, муовини вазири умури хориҷии Узбакистон мулоқот кардааст. Ду тараф дар мавриди масъалаҳои минтақаиву байналмилалӣ табодули назар кардаанд. Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқот дар даст нест.

XS
SM
MD
LG