Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Асад гуфтанд, ки ба нишасти Сочӣ нахоҳанд рафт


Мухолифони режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, гуфтанд, ки ба музокироти сулҳ дар шаҳри Сочӣ нахоҳанд рафт.

Дар паёме, ки рӯзи 27-уми январ аз тарафи Эътилофи миллии Сурия дар “Твиттер” нашр шуд, омадааст, онҳо дар нишасти Сочӣ иштирок намекунанд. Онҳо гуфтанд, Русия барои иштирок дар ин музокирот даъваташон кардааст.

Маскав мехоҳад, ки рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи оянда дар мавриди Сурия як нишаст баргузор кунад.

Дар Ғарб аз он нигаронанд, Русия мехоҳад аз он тавофуқ ҳимоят кунад, ки дар натиҷа мавқеи раиси ҷумҳур Башор Асадро тақвият хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG