Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп нақшаи ислоҳи низоми муҳоҷиратро пешниҳод кард


Трамп бо сенаторҳои ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 25-уми январ нақшаи қонун кардани мақоми 1,8 миллион муҳоҷири ғайриқонуниро пешниҳод намуд, ки дар айёми кӯдакӣ ҳамроҳи волидон ба Амрико рафтаанд. Онҳо дар сурати надоштани доғи судӣ ва расидан ба синни 10-12 метавонанд, барои дарёфти шаҳрвандии Амрико муроҷиат кунанд.

Яке аз бандҳои нақшаи Трамп пурзӯр кардани назорат дар марз бо Мексика ва коҳиши шумори умумии муҳоҷироне аст, ки ба ИМА меоянд.

Кохи Сафед умедвор аст, Сенати Амрико ибтидои моҳи феврали соли равон лоиҳаи ин қонунро дар қироати аввал тасвиб мекунад. Лоиҳаи мазкур ҷудо кардани 25 миллиард доллар барои бунёди девор дар марз бо Мексика ва тақвияти назорати гузаргоҳҳои марзӣ бо Канадаро пешбинӣ мекунад.

Президенти пешини ИМА Барак Обама фармонеро имзо карда буд, ки ихроҷи ҳудуди 700 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро манъ мекард. Вале муҳлати қарор моҳи марти соли равон ба поён мерасад.

Ба ҳисоби маъмурияти кунунии ИМА, тақрибан ҳамин қадар муҳоҷирони дигар бар асоси фармони Обама ба қайд гирифта нашуд. Нақшаи Трамп ба ин муҳоҷирон ҳам дахл хоҳад дошт.

Раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконел мегӯяд, ташаббуси Трамп ба ҳалли мушкили муҳоҷират бояд мусоидат кунад. Вале қонунгузорҳои демократ пешниҳоди Трампро сахт интиқод карда, онро талоши аз ҳам ҷудо кардани хонаводаи муҳоҷирон медонанд ва бунёди деворҳои марзиро "партофтани пул ба ҳаво" меноманд.

Видеоҳои охирин

Бозгашти пирӯзмандонаи Хушқадам Хусравов аз қаҳрамонии ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG