Сомонаи барномаи "Вести"-и телевизиони "Россия-24" хабар додааст, ки дар миёни қурбониёни ҳамла ба меҳмонсарои "Интерконтинентал"-и шаҳри Кобул сафири Украина дар Тоҷикистон ва Афғонистон Виктор Никитюк ҳам ҳаст. Ин хабари телевизиони Русия на танҳо дипломати украин, балки наздикону пайвандони ӯро ҳам ба ҳайрат овардааст. Худи Никитюк гуфт, хабари марги ӯ иштибоҳан нашр нашудааст. "Ин як иғвои телевизиони Русия аст", - афзуд ӯ.
Ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани Толибон 20-уми январ ба меҳмонсарои давлатии "Интерконтинентал"-и Кобул ҳамла карданд. Миёни қурбониёни ҳодиса 7 шаҳрванди Украина, аз ҷумла кормандони ширкати ҳавопаймоии Афғонистон низ ҳастанд. "Фикр мекунам, нашри хабари марги ман як навъ талоши барканор кардани таваҷҷуҳи мардум аз робитаи Русия бо Толибон аст. Мехоҳанд, таваҷҷуҳро аз ҷанги ноаёни Русия зидди Афғонистон ба самти дигар ҷалб кунанд", - изҳор дошт дипломат.