Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД аз мардум хост, ки дар шиносоии ҷасад кумак кунанд


Ҷасаде, ки ҳанӯз шиносоӣ нашудааст. Акс аз Вазорати корҳои дохилӣ
Ҷасаде, ки ҳанӯз шиносоӣ нашудааст. Акс аз Вазорати корҳои дохилӣ

Ҷасади ҷавоне, ки эҳтимол худкушӣ кардааст ва онро дар ҳудуди ноҳияи Данғара пайдо карданд, ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки ин ҷавон 25-30-сола буда, қадаш 170-175 сантиметр аст. Ҳамчунин, ба ииттилои онҳо, ин ҷавон "сабзинарӯй ва мӯи сараш сиёҳ буда, дар танаш либоси зимистонаи сиёҳ дорад".

"Ангушти хурди дасти чапаш то нохун нест", - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, эҳтимол ин ҷавон даст ба худкушӣ задааст, чун дар ҳеҷ ҷойи баданаш осори зӯроварӣ дида намешавад.

Вазорат аз сокинон хостааст, ки дар пайдо кардани наздикони ин ҷавон ва шиносоии шахсияти ҷасад ба онҳо ёрӣ кунанд. Онҳо хостааст, ки дар сурати шиносоии ҷасад ба шумораи (83312) 2-14-60, 900 16 37 54, 905 77 97 97 ва 884-88-90-91 тамос бигиранд.

XS
SM
MD
LG