Ҳукумати Сурия иттиҳоми вазири корҳои хориҷии Фаронса ва котиби давлатии ИМА-ро, ки мегӯянд, режими президент Башор Асад силоҳи кимиёвиро ба кор мебарад, "дурӯғ" унвон кард.
Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон рӯзи 23-юми январ дар маросими ифтитоҳи Шарокати байналмилалӣ алайҳи беҷазоӣ барои истифодаи силоҳи кимиёӣ, дар Порис, ба ҳамкории муштарак ва ҷорӣ намудани таҳрим алайҳи масъулони ин амал даъват кард.
Ба қавли Тиллерсон, ҳамлаи чанде пеш ба Гутаи Шарқӣ боис ба нигаронии ҷиддӣ шудааст, зеро режими Сурия метавонад боз ҳам ин силоҳро алайҳи мардуми худ ба кор бубарад.
"Сарфи назар аз онки ҳамларо кӣ анҷом медиҳад, аз замони иштироки Русия дар низои Сурия, масъулияти ҳалокати теъдоди зиёди мардум дар Гутаи Шарқӣ ва марги суриягиҳои дигар бар дӯши Русия аст", - гуфт Тиллерсон.
Ӯ афзуд, бо ҳимоят аз шарики суриягии худ, Русия масъулияташро дар баробари ИМА, ҳамчун кафили маҳв кардани захираи силоҳи кимиёвии Сурия иҷро накард.
Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид Василий Небензя иттиҳомро рад кард. Ӯ рӯзи 23-юми январ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ гуфт, Амрико "саросемавор" Сурияро ба истифодаи силоҳи кимиёӣ муттаҳам кард ва ҳоло мехоҳад пойи Русияро низ ба ин қазия бикашад.