Дар ноҳияи Тоқтогули Қирғизистон мошини сӯзишворие ба рӯдхонаи Чичкан афтида, боиси нобуд шудани моҳие шуд, ки дар поёноби он парвариш мешуданд. Дар ин бора рӯзи 22 январ раиси ноҳия Майорбек Стамкулов иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Стамкулов, мутахассисон дар ҳоли ҳозир ҳаҷми хисоротро муайян мекунанд. Бино ба баъзе арзёбиҳо, дар паи ин ҳодиса 7 тонна моҳӣ нобуд шудааст.
Шаби 21 ба 22 январ дар 264-километрии шоҳроҳи Бишкек-Ӯш мошини сӯзишворӣ ба рӯдхона сарозер шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса як одам ҷон бохта, ду тани дигар осеб диданд. Ба огаҳии хадамоти ҳолатҳои фавқулодда, мошини мазкур 38 тонна сӯзишвориро интиқол медод.