Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Туркия чанд деҳаи Сурияро тасарруф кард


Артиши Туркия дар рӯзи севуми амалиёти низомии худ дар шимолу ғарби Сурия аллакай чанд деҳаро тасарруф кардааст. Ба иттилои расонаҳои Туркия, Анқара талош дорад, тамоми мавзеъҳои гуруҳҳои курдро дар минтақаҳои марзӣ ишғол кунад.

Рӯзи душанбе, 22 январ нирӯҳои Туркия бо дастгирии баъзе аз гуруҳҳои шӯришгар тавонистанд, як қатор минтақаҳои Африни Сурияро зери назорати худ дароранд.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, тасмим надоранд, дар партави гуфтугӯҳо бо Русия раванди ҳамлаҳоро заиф созанд. Ба гуфтаи ӯ, бо "бародарони рус" дар ин бобат ба созиш расидаанд.

Туркия Гуруҳҳои дифои мардумии курдро ба ҳампаймонӣ бо Ҳизби мамнуи коргарони Курдистон (ҲКК), ки 30 сол аст, зидди ҳукумати ин кишвар мубориза мебарад, айбдор мекунад. Пулисҳои курд ҳама гуна робитаҳои бевосита бо ҲКК-ро рад карда, зери раҳбарии ИМА зидди ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" мубориза мебаранд.

Мақомоти турк ИМА-ро барои ҳимоят аз гуруҳҳои дифои мардумии курд маҳкум карданд. Ин гардиши нав дар ҷанги шаҳрвандии Сурия Туркияро дар муқобили ҳампаймонони худ дар доираи НАТО мегузорад.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG