Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 100 донишҷӯи афғон барои таҳсил Узбекистон рафтанд


Мақомоти Узбекистон рӯзи 21-уми январ ҳудуди 100 донишҷӯи афғонро, ки барои идомаи таҳсил вориди ин кишвар шуданд, дар фурудгоҳи шаҳри Термез пешвоз гирифтанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин донишҷӯён дар Маркази омӯзиши шаҳрвандони Афғонистон дар назди Вазорати таҳсилоти миёна ва олии махсуси Узбекистон таҳсил хоҳанд кард, ки бо ташаббуси президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев таъсис ёфтааст.

Донишҷӯёни афғон давоми ду сол маълумоти омӯзгорӣ, аз ҷумла забон ва адабиёти ӯзбекиро аз худ хоҳанд кард. Дар марҳалаи аввал, 97 донишҷӯ -- 86 писар ва 11 духтар дар Узбекистон таҳсил хоҳанд кард. Ними харҷи таҳсили донишҷӯёнро ҷониби Афғонистон ва боқиро ширкати "Узбекистон темир йӯлларӣ" пардохт мекунад.

Девони вазирони Узбекистон моҳи ноябри соли 2017 қарореро дар бораи таъсиси Маркази омӯзиши шаҳрвандони Афғонистон дар назди Вазорати таҳсилоти миёна ва олии махсуси ин кишвар ба имзо расонида буд.

XS
SM
MD
LG