Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба як меҳмонхонаи боҳашамат дар Кобул 5 ғайринизомӣ кушта шуданд. Афроди мусаллаҳ шоми 20-уми январ ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ворид шудаанд ва чанд нафарро гаравгон гирифтаанд ва задухӯрд бо онҳо 12 соат то субҳи 21-уми январ идома кардааст.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки се ҳамлаварро куштанд ва 150 нафар аз ҷумла 40 хориҷиро озод карданд. Яке аз қурбониёни ҳамла хориҷӣ будааст. Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

Дар ин ҳодиса 6 ғайринизомӣ ва се маъмури пулис захм бардоштаанд. Баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ бомбгузориву ҳамла дар ин кишварро зиёдтар карданд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико моҳи август гуфт, ки барои тамрину кӯмак ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ин кишвар 3 ҳазор сарбози изофӣ мефиристад. Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар Афғонистон 14 ҳазор сарбоз дорад.

Видеоҳои охирин

Якум ба Худои таоло месупорамаш, дуввум ба дасти орган
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:14 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG