Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Ба ҷаласаи ҳисоботии ҳукумат омода мешавем


Рӯзи 18 январ ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадафаш натиҷагирӣ аз соли 2017 дар ҳама сохторҳои давлатӣ аст. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ҳисоботи ҳукумат ва раисони ҳамаи вилоятҳову ноҳияҳо шунида мешавад. Сарвазир Қоҳир Расулзода ҳисоботи солона ироа мекунад ва раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи корӣ барои соли ҷориро муайян хоҳад кард.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар заминаи тағйироти кадрӣ дар сохторҳои раҳбарикунандаи ҳукумати Тоҷикистон, Шарифзода гуфт, эҳтимолан ба курсии муовини нахуствазири Тоҷикистон дар умури илму фарҳанг, ки ҳамчунон холӣ боқӣ мемонад, нафаре таъин шавад: “Ҳоло салоҳияти ин муовини нахуствазир ба муовинони дигар, аз ҷумла, Азим Иброҳим дода шудааст ва мушкиле дар ин замина мушоҳида намешавад. Бо ин вуҷуд, эҳтимол дорад дар ҷараёни ҷаласаи ҳисоботии ҳукумати Тоҷикистон, ки 18 январ баргузор мешавад ё баъд аз он, нафареро ба ин симмат истихдом шавад”. Ду сол қабл дар ин мақом Марҳабо Ҷабборӣ кор мекард ва баъди барканории ӯ то ҳол ин курсӣ холӣ мондааст.

Ҷаласаҳои солонаи ҳисоботии аъзои ҳукумати Тоҷикистон, ки тибқи анъана дар нимаи дуюми моҳи январ баргузор мешаванд, маъмулан бо тағйироти умдаи кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти сохторҳои давлатӣ мавриди таваҷҷӯҳ ҳастанд. Рӯзи 17 январ аксар мусоҳибони телефонии мақомот ва масъулини сохторҳои давлатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки серташвишанд ва ба ҷаласаи муҳими назди президент омодагӣ мебинанд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода дар ин замина гуфт, ки дар асл ҷараёни тағйироти кадрӣ аз ҳафтаҳо пеш шурӯъ шуд ва ба мақоми раиси вилояти Суғд омадани Раҷаббой Аҳмадзода, собиқ раиси кумитаи идораи замин аз ҳамин тағйирот ба ҳисоб меравад.

Вале феълан ҳеҷ нафар на дар ҳукумати Тоҷикистон ва на дар миёни коршиносон омода нест, ки дар масъалаи эҳтимоли тағйирот дар сохторҳои давлатӣ дар ояндаи наздик сӯҳбат кунад. Бархе мегӯянд, “тасмим дар ин замина танҳо бо президент аст ва бояд мунтазири хабарҳои расмӣ шуд”.

XS
SM
MD
LG