Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистону ИМА ба маблағи $7 миллиард шартнома имзо карданд


Президенти Қазоқистон дар ҳалқаи соҳибкорони ИМА. 16 январи соли 2018
Президенти Қазоқистон дар ҳалқаи соҳибкорони ИМА. 16 январи соли 2018

Дастгоҳи президенти Қазоқистонрӯзи 17 январ гуфт, ки дар ҷараёни сафари Нурсултон Назарбоев ба ИМА беш аз 20 санади ҳамкориҳои ҳиқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расид. Маблағи созишномаҳо 7 миллиард доллар гуфта шуд.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе Назарбоевро дар Кохи сафед ба ҳузур пазируфт. Президенти Қазоқистон ҳамчунин бо намояндагони доираҳои соҳибкории ИМА мулоқот кард.

Ба гуфтаи дастгоҳи президенти Қазоқистон, санадҳои имзошуда ба иҷрои тарҳҳо дар бахши пажуҳишҳои авиатсиониву кайҳоннавардӣ, саноати кимиёиву кишоварзӣ ва рушди зербиноӣ рабт мегиранд.

Назарбоев ҳангоми суханронӣ дар ҳузури иштирокдорони ба ҳамияти стратегии равобити Қазоқистону ИМА ишора кард ва гуфт, ки .аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба иқтисоди Қазоқистон Амрико дар ҷои дуюм аст.

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои истиқлол ширкатҳои амрикоӣ ба иқтисоди Қазоқистон беш аз 50 миллиард доллар сармоягузорӣ карданд ва ҳоло дар ин кишвар беш аз 500 ширкат бо сармояи ИМА фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG