Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ барои ифшои фасод дар ВКД ва Кумитаи дин аз мардум ёрӣ хост


Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки барои ифшои хавфи амалҳои коррупсионӣ дар чаҳор ниҳоди умдаи давлатӣ кумак кунанд. Мақомоти Оҷонсӣ рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "профилактика"-и Вазорати умури дохилӣ, нақлиёт, Кумитаи дин ва сохтмон аз моҳи феврал то апрели имсол идома хоҳад кард.

Манбаъ афзуд, "ба ин хотир, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мешавад, барои ошкор кардани хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои мазкур, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолият, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва пешниҳодҳои худро ироа кунанд."

Як сол қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо масъулони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин чаҳор сохтори давлатиро "сахт фасодзада" унвон карда буд.

Аз ин пеш, Оҷонси зиддифасод моҳи августи соли гузашта фаъолияти Вазорати молия, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва вазорати меҳнату шуғли аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузориро санҷиш карда буд. Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ барои Оҷонси зиддифасод салоҳият ва вазифаи нав аст, ки тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон дар поёни соли 2016 тасвиб шудааст. Ин гуна санҷишҳои Оҷонсӣ бештар хислати пешгирӣ ва ё “профилатика”-и коррупсияро дорад.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилал ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

XS
SM
MD
LG