Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров Трампро ба кӯшиши вайрон кардани созиш бо Эрон муттаҳам кард


Сергей Лавров ва Муҳаммад Ҷавод Зариф
Сергей Лавров ва Муҳаммад Ҷавод Зариф

Вазири умури дохилии Русия Сергей Лавров президенти ИМА Доналд Трампро ба кӯшиши заиф кардани қарордоди ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки изҳороти Трамп роҳро барои лағви қарордод боз мекунад.

Лавров рӯзи 15 январ, дар ҳоле, ки аз фаъолиятҳои дипломатии Русия дар соли гузашта ёдовар мешуд гуфт, ки ҳадафи изҳороти ахири Трамп "халалдор" кардани қарордоди соли 2015 аст ва "хушбиниву эътидол" эҷод намекунад.

"Мутаассифона шарикони амрикоии мо ҳанӯз ҳам мехоҳанд танҳо бо роҳи "дикта ва ултитматум" амал кунанд",- гуфт Лавров. Ӯ афзӯд, ки Амрико намехоҳад ба ҳарфи марказҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ гӯш диҳад ва воқеиятҳои ташаккули ҷаҳони бисёрқутбиро қабул надорад.

Созишномаи ҳастаии Эронро ИМА, Британия, Фаронса, Русия ва Чин имзо карданд ва ҳадафи аслиаш ин мутмаин будан, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ намесозад. Бар поияи ин созишнома Эрон аз барномаҳои ҳастаияшро дар бар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Президенти ИМА ахиран гуфт, ки агар шарикони аврпуоӣ камбудиҳои қарордодро ислоҳ накунанд. Амрико аз созишнома берун мешавад.

XS
SM
MD
LG