Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Фаронса шуд


Ҷамолиддин Убайдуллоев

Ҷамолиддин Убайдуллоев - писари калонии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе, сафири нави Тоҷикистон дар Фаронса таъин шуд. Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 13-уми январ содир гардид.

Ҷамолиддин Убайдуллоев то ин вақт ба ҳайси сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Вай дар гузашта сардори раёсати консулӣ ва созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ буд.

Номи ӯ борҳо дар мусобиқа оид ба теннис дар Тоҷикистон дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Ҷамолиддин Убайдуллоев чанд дафъа дар мусобиқаи теннис барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" пирӯз шудааст.

Ҳомидҷон Назаров, сафири, инак, собиқи Тоҷикистон дар Фаронса ба далели ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод шудааст.

Видеоҳои охирин

Тазоҳуроти гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Берлин
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG