Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ду мақоми додгоҳи Ёвонро барканор кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду масъули додгоҳи ноҳияи Ёвонро аз мақомашон барканор кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бар пояи моддаи 69-и Қонуни асосӣ муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон Орзу Абдуллозода ва додраси ҳамин додгоҳ Иброҳим Қурбонзодаро аз мақомҳояшон озод кард. Дар фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабаби ин барканорӣ "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" гуфта шудааст. Аммо шарҳ дода нашудааст, ки ин афрод ба чӣ қонуншиканӣ роҳ додаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин тайи фармонҳои ҷудогона Савзаалӣ Назирзодаро ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод намуда ва Муҳамаддуло Шерализодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин кардааст.

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Қудрат Давлатзода аз мақоми ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод ва директори Оҷонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG