Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 зани шинохта маъракаи "нафарат ба мардҳо"-ро маҳкум карданд


Ҳунарманди фаронсавӣ Катрин Денёв
Ҳунарманди фаронсавӣ Катрин Денёв

Сад зани номдори ҷаҳон мавҷи "нафрат ба мардҳо"-ро, ки дар пайи силсилаи ҷанҷолҳои озори ҷинсӣ баланд шуд, маҳкум карданд. Номаи саркушодаи ин занҳо, бо шумули ҳунарманди фаронсавӣ Катрин Денёв, ҳунараманди олмонӣ Ингрид Кавен ва нависандаи фаронсавӣ Катрин Милле дар нашрияи Le Monde чоп шуд.

Ба назари муаллифони нома, танҳо зӯроварӣ- на рухбозии беназокат, ҷиноят аст. Лутфи мардона набояд чун таҳоҷуми ҷинсӣ қабул шавад,- гуфтаанд ин занҳо.

Муаллифони нома мегӯянд, маъракаи густардаи зидди дастдарозии ҷинсӣ дар Амрико хурдагирии аз ҳад беш аст. Таваҷҷӯҳи зиёд ба ҷиноятҳои ҷинсӣ, ба таъқиби саросарӣ табдил мешавад,- омадааст дар ин нома.

Дар ин авохир баъзе мардҳои машҳӯр қурбонии даъвоиҳои дастдарозии ҷинсӣ шуданд ва танҳо барои даст расондан ба зону, ё талоши бӯсидан, маҷбур шуданд аз мақомҳояшон истеъфо диҳанд.

Моҳҳои ахир силсилаи ҷанҷолҳои марбут ба дозори ҷинсӣ дар Амрико сар зад. Аввалин қурбонии ин маърака коргардони Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейн буд ва даҳҳо зан, бо шумули ҳунармандони синамо, даъво карданд, ки Вайнштейн ба номӯси онҳо дастдарозӣ кардааст. Президенти пешини Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ, ҳунармандони синамо Кевин Спайсӣ, Чарли Шин, Силвестра Сталлоне, Стивен Сигал, Оливер Стоун ва дигарон ба озори ҷинсӣ муттаҳам шуданд.

XS
SM
MD
LG