Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Подмосковйе ҷасади Орзиқул Абдуллоев пайдо ва шиносоӣ шуд


Таҳқиқи пешакии ҷасади марде, ки рӯзи 8 январ дар ҳудуди Подмосковйе пайдо шуд, шиносоӣ шуд. Ин мард як шаҳрванди Тоҷикистон - Абдуллоев Орзиқул Маҷидович, санаи таваллудаш 15.01.1976 ва сокини шаҳри Панҷакент аст. Дар ин бора рӯзи 10 январ ба Радиои Озодӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ шурӯъ шудааст.

Ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Красноармейскии вилояти Маскав дар ҳолати нимаурён пайдо шуд. Дар паи санҷиши муқаддамотӣ, муайян шудааст, ки ҷасад нишонаҳои хушунат ё марги маҷбуриро надорад. Ҷасади Абдуллоев ҳоло дар мурдахонаи ноҳияи Красноармейский нигоҳдорӣ мешавад. Сафорати Тоҷикистон талош дорад тавассути шӯъбаи умури дохилии Панҷакент хешовандони ин мардро пайдо кунад.

Дипломатҳо мегӯянд, ки дар Русия феълан ҳеҷ нафаре аз хешовандони Абдуллоев пайдо нашудаанд, аз ин хотир, сафорат ва намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои фиристодани ҷасад ба ватан иқдом кардаанд.

Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дунболи кор мегарданд ва ҳодисаҳои маргу мири онҳо низ гоҳо рух медиҳад. Соле на камтар аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо сабабҳои мухталиф ҷон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG