Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нопадидшавии Абӯмуслим ду ҳафта мегузарад


Наздикони Абӯмуслими 12-сола, ки охири декабр нопадид шуд, мегӯянд, бо гузашти қариб ним моҳ аз ӯ дараке нест. Абӯмуслими Тоҷиддин рӯзи 29 январ аз хона ба мактаб рафт ва дар онҷо ғайб зад.

Тоҷиддин Шарипов, падари Абӯмуслим рӯзи 10 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳам мақомоти милиса ва ҳам наздикон қариб ним моҳ мешавад, ки писарашро ҷустуҷӯ доранд.

Абӯмуслими Тоҷиддин дар мактаби рақами 67-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар синфи 7 таҳсил мекард.

Падари Абӯмуслим мегӯяд, “рӯзи 29 январ ба мактаб рафта, 1-2 соат дарс хондааст ва баъд аз он бедарак шудааст. Ҳама ҷоро ҷустуҷӯй кардем, ба милиса ҳам муроҷиат кардем. Пойтахтро ҳам ҷустуҷӯ кардем, беморхонаву морге намонд, ки мо накофта бошем.”

Нопадид шудани Абӯмуслими Тоҷиддин дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон ҳодисаи нопадидшавии ноболиғон ва ҳамин тавр пайдо нашудани онҳо борҳо аз ҷониби матбуот матраҳ шудааст.

Аз ҷумла хоҳарон Араловаҳо дар соли 2013 нопадид шуда то ҳол пайдо нашудаанд. Ин масъала дар сатҳи роҳбарияти кишвар низ ҷиддан баррасӣ шуд. Инчунин моҳи августи соли 2017 Ганҷина Қаюмоваи 9-сола дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан бедарак шуда, то ҳол пайдо нашудааст.

Шумораи тамос барои онҳое, ки мехоҳанд дар ин замина иттило бидиҳанд: 900-29-12-99

Видеоҳои охирин

Сӯхтор дар корхонаи Владикавказ боиси фавти як нафар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG