Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори қирғиз сабаби хобиданаш дар утоқи кориро шарҳ дод


Раиси Идораи давлатии омори ноҳияи Ноокати Қирғизистон Расулбек Ташов видеои шаробнӯшӣ ва хобидани одамон дар утоқи кории худро шарҳ дод. Ин видео ахиран дар Интернет нашр шуд ва вокунишҳоеро ба бор овард.

Ба гуфтаи Ташов, наворро душманони ӯ ба хотири бадном карданш як рӯз баъд аз интихоботи президентии Қирғизистон - 16 октябри соли 2017 сабт карданд.

"Он рӯз ман обмева хӯрдам. Душманони ман дар он доруи хоб партофта будаанд. Навор барои сиёҳ кардани ман гирифта шудааст. Ман нӯшокии спиртӣ наменӯшам ва шахсе, ки дар навор дар канори ман аст, на корманди пулис, балки як сокини оддӣ аст", - афзуд ӯ.

Ташов мегӯяд, ин наворро кормандоне сабт кардаанд, ки бо раиси пешини идораи омор Байиш Дубанаев кор кардаанд.

9 январ дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар утоқи кории Ташов ду нафар хобидаанд ва рӯи миз шишаҳои холии арақ ва обмева боқӣ мондаанд. Як қатор расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки шахси дувум сардори пулиси Ноокат ҳаст. Вале масъулони хадамоти матбуотии пулиси Ӯш ин хабарро рад карданд.

XS
SM
MD
LG