Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ: Исроил ба ҳудуди Сурия зарба зад


Ҳавопаймоии ҷангии F-35-и Исроил

Субҳи рӯзи сешанбе Исроил бо истифода аз ҳавопаймоҳо ва мушакҳои заминӣ ба ҳудуди Сурия се зарба зад. Дар ин бора намояндагони артиши Сурия хабар доданд.

Ҷониби Сурия тасдиқ кард, ки ҳавопаймоҳои Исрол минтақаи Ал-Кутайфаи наздикии Димишқро аз фазои Лубнон мушакборон карданд ва низоми зиддимушакии Сурия ба яке аз ҳавопаймоҳо зарба задааст.

Баъдан мушакҳои Исроил қаламрави Сурияро аз баландиҳои Ҷулон ҳадаф қарор доданд, аммо сохтори мудофиаи Сурия ин ҳамлаҳоро рад кард, хабар медиҳад артиши Сурия.

Вазорати дифои Исроил изҳороти Сурияро шарҳ надодааст. Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Исроил моҳи август гуфта буд, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ ба Сурия ҳуудан 100 маротиба зарба задаанд, аммо сиёсатмадорони Исроил чунин амалиётро на тасдиқ мекунанд ва на рад.

Исроил мегӯяд, иҷозат намедиҳад, ки ҳудуди Сурия барои ташкили пойгоҳи низомии Эрон ва ё ирсоли силоҳ ба гуруҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон истифода шавад.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG