Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гурҷистон Саакашвилиро дар ғиёбаш маҳкум ба зиндон кард


Михаил Саакашвилӣ

Додгоҳи Гурҷистон рӯзи 5 январ президенти пешини ин кишвар Махаил Саакашвилиро бо иттиҳоми сӯистифода аз мақом, дар ғиёбаш ба муддати се сол зиндонӣ кард. Парвандаи Саакашвили ду сол баррасӣ шуд. Ин аввалин ҳукми додгоҳ нисбати сиёсатмадор аст, ки роҳро барои истирдоди ӯ аз Украина ба Гурҷистон боз мекунад. Тарафдорони Саакшвили ҳукуми додгоҳро "сиёсӣ" унвон карданд

Ҳукми додгоҳ бар пояи парвандаи Александр Гиргвлианӣ - корманди яке аз бонкҳои Тбилисӣ эълон шуд. Гиргвлианӣ соли 2006 дар яке аз тарабхонаҳои пойтахти Гурҷистон кушта шуд. Биноба фарзияи тафтишот, Саакашвилӣ ба сохтакорӣ дар парванда ва афви қотилон мусоидат кардааст. Парвандаи Гиргвлианӣ бо талаби Додгоҳи Аврупо бознигарӣ шуд.

Алайҳи Саакашвилӣ чанд парвандаи дигар низ боз шудааст. Ӯ аз ҷумла ба латтукӯби намояндаи мардумӣ ва соҳибкор Валерий Гелашвилӣ, ки дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотӣ ҳамсари Саакашвилиро таҳқир кард; ихтилоси маблағҳои буҷа, пароканда кардани тазоҳурот дар соли 2007 ва истифодаи тирҳои резинӣ бар зиддӣ эътирози осоишта муттаҳам шудааст.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG