Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшудаҳои ҳодисаи Хуҷанд аз бемористон рухсат шуданд


Шаш сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз истеъмоли оши палав заҳролуд шуда буданд, шифо ёфта, аз беморхона ба хона баргаштаанд. Табибон беморхонаи шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ҷисми онҳо аз заҳри “нитрати натрий” пок карда шуд ва дигар ба ҳаёташон чизе таҳдид надорад. Аз ин 6 нафар заҳролудшуда 3 нафар аъзои як оила ва дигарон ҳамсояҳо дар микрорайони 19-и шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Ёдовар мешавам, 10 сокини ин маҳаллаи шаҳри Хуҷанд нимарӯзи 30-юми декабр дар боғчаи назди бинои зист палави ҳарифона пухта, аз истеъмоли он заҳролуд шуданд. 4 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 8 нафар ба беморхона интиқол дода шуданд. Сипас, табибон баъди як рӯз ду нафар ва баъд ҳам 6 нафари боқимонда баъди муоинаву ташхис ва муолиҷа ба хонаҳояшон фиристоданд.

Ташхиси додгоҳиву тиббӣ маълум кардааст, ки ба ҷои намаки ош ба палав нитрати натрий, як моддаи кимиёи зоҳиран монанди намак, ки дар таҳияи бархе маводи ғизоӣ, мисли ҳасиб ва нон барои рангбахшӣ миқдори ночизи он ба кор бурда мешавад, заҳролуд шудаанд.

Додситонии Хуҷанд мегӯяд, дар бораи ин ҳодиса парванда боз карда, ҳоло таҳқиқ дорад, ки кӣ “нитрати натрий” ро ба сари деги палав бурда, онро биноба фарзияе, иштибоҳан ошпаз ба ҷои намаки ош истифода кардааст.

XS
SM
MD
LG