Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Трамп мехоҳанд китоб дар бораи Кохи сафед нашр нашавад


Доналд Трамп ва Стивен Бэннон
Доналд Трамп ва Стивен Бэннон

Вакилони президенти ИМА Доналд Трамп аз Майкл Волфф, муаллифи китоби "Оташ ва хашм: дар дохили Кохи сафеди Доналд Трамп" ва нашриёти Henry Holt and Co., ки мехоҳад китобро барои фурӯш нашр кунад, талаб карданд, ки аз чопи ин китоб оҷилан даст кашанд. Дар ин бора нашрияи Washington Post рӯзи 4 январ хабар дод.

"Оташ ва Хашм" аз соли аввали раёсати Доналд Трамп ва робита начандон содаи кормандони маъмурияти Кохи сафед ҳикоят мекунад. Муаллифи китоб сӯҳбати дастикам 200 нафарро истифода кардааст, ки замоне ва ба гунае бо Трамп ҳамкор буданд.

Нашри китоб ба 9 январ барномарезӣ шудааст, аммо ҳафтаи равон иқтибосҳои он ба матбуот роҳ ёфт, ки ҷанҷоли сиёсӣ бо иштироки худи президентро барангехт. Сухан аз боби гуфтаҳои Стивен Бэннон -мушовири пешини Доналд Трамп аст, ки дар бораи таҳаввулоти марбут ба интихоботи президентии соли 2016, аз ҷумла мулоқоти писари Трамп бо таблиғгарони рус сӯҳбат кардааст.

Кохи сафед рӯзи чоршанбе аз номи Трамп изҳорот пахш кард, ки дар он президент аз мушовири пешинаш Стивен Бэннон фосила гирифт ва гуфт, ки ӯ "ақлашро гум кардааст".

XS
SM
MD
LG