Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффор Каримов - таблнавози маъруфи тоҷик даргузашт


Ғаффор Каримов дар сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода
Ғаффор Каримов дар сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода

Ғаффор Каримов, таблакнавози шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми декабр дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Кӯлоб даргузашт. Ӯро дар миёни мардум бо номи “Ғаффори таблак” мешинохтанд.

Ғаффор Каримов дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб кор мекард ва ҳамзамон дар коллеҷи санъати ин шаҳр дарс медод.

Хайрулло Тоҳиров, сардори Раёсати фарҳангӣ минтақаи Кӯлоб рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанозаи ба хоксупории Ғаффор Каримов баъди пешин сурат мегирад. Ҷаноби Тоҳиров гуфт, ки тайи ду-се соли ахир ин таблнавоз рӯи бистари беморӣ буд ва дигар ба кор омада наметавонист.

Каримов то соли 2013 дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ иштирок карда, ҳунари таблнавозиро намоиш медод.

Ӯ бо навохтани таблак ҳамзамон рақси хосеро анҷом медод, ки пажӯҳишгарони соҳа онро “зарби ғаффорӣ” унвон додаанд. Эҷоди “шаш зарб” ва “нӯҳ зарб” дар таблнавозиро ба ӯ мансуб медонанд.

Ғаффор Каримов дар филмҳои маъруфи сохти Тоҷикистон, мисли “Ҷӯраи шикорчӣ аз Мин-Архар”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Айёми туманҳои замистон”, “Сайёд” ва “Хати парвоз” нақшофарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG