Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бо Зимбабве муносиботи дипломатӣ барқарор кард


Тоҷикистон бо кишвари африқоии Зимбабве муносиботи дипломатӣ барқарор кардааст. Бино ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ба Зимбабве рӯзи 28-уми декабр дар Ню-Йорк баргузор шудааст

Баёнияи барқарории муносиботи дипломатиро миёни ду кишварро аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамтоаш аз ҷониби Ҷумҳурии Зимбабве -Фредерик Мусиива Макамуре Шава ба имзо расониданд.

Зимнан раисҷумҳури ин кишвари африқоӣ Роберт Мугабе, ки 37 соли охир зимоми қудратро дар даст дошт, дар пайи талаби истеъфо маҷбур шуд аз мақом канор равад. Мугабе соли 1980 дар пайи ба даст овардани истиқлолияти Зимбабве аз Бритониёи Кабир раҳбари ин кишвар африқоиро ба ӯҳда дошт.

Эммерсон Мнангагва чанд рӯз баъди истеъфои президенти Зимбабве дар мақоми президенти ин кишвар савганд ёд кард. Эммерсон дуюмин президенти Зимбабве пас аз истиқлоли ин кишвар аз Бритониё дар соли 1980 аст.

Видеоҳои охирин

Роналдо Модрич ва ё Салоҳ?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:18 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG