Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: кӯмаки молӣ молӣ ба Покистон иштибоҳ буд


Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар аввалин пайғоми твиттерӣ дар соли 2018 шарики наздики ИМА - Покистонро ба "фиребу ҳиллагарӣ" муттаҳам кард.

"Дар 15 соли ахир онҳо 33 миллиард доллар гирифтанд, аммо мо ба ҷуз дурӯғ аз онҳо чизе нагирифтем - онҳо раҳбарони моро аҳмақ хаёл кардаанд"- навишт Трамп рӯзи 1 январ дар твиттер.

Президенти Амрико Покистонро ба пинҳон кардани ҷангиёни исломӣ, ки ИМА дар Афғонистон алайҳи онҳо мубориза мебарад, муттаҳам кард ва гуфт, ки ба ин равобити яктарафа акнун хотима гузошта мешавад.

Дар посух ба пайғоми Трамп вазири дифои Покистон Хурам Дастгир-Хон дар твиттер навишт, ки "кишвараш дар ҷанг бо терроризм ҳамеша аз "шарикони содиқи Амрико буд, ба онҳо пойгоҳу маълумоти истихборотӣ медод, вале Амрико ба ин ҳама бо нобоварӣ ва таҳқир посух медод". Вазирати умури хориҷии Покистон гуфт, ки Исломобод омода аст ҳар тангаи гирифтаашро ҳисобот диҳад.

Рӯзи душанбе Кохи сафед гуфт, аз кумаки низомӣ дар ҳаҷми 255 миллион доллар ба Покистон, ки соли 2016 тасвиб шуда буд, худдорӣ мекунад. Вашингтон аз Исломобод талаб дорад, ки ба фаъолияти гурӯҳҳои наздик ба Толибон, ба мисли "шабакаи Ҳаққонӣ" хотима гузорад. Покистон мегӯяд, ки дар ин самт талошҳои ҳадди аксар анҷом медиҳад.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG