Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев қонуни баҳсбарангези ВАО-и Қазоқистонро имзо кард


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, 28 декабр бо вуҷуди эътирози рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ зери қонуни нави баҳсбарангези матбуот ва васоити ахбори оми кишвараш имзо гузошт. Дар ин бора расонаҳои расмӣ иттилоъ доданд.

Онро порлумони Қазоқистон 21 декабр ба тасвиб расонда буд. Дар қонуни нав истилоҳи "таблиғот " ва банде ворид шудааст, ки рӯзноманигоронро вазифадор мекунад, пеш аз нашри маълумоти шахсӣ, хонаводагӣ, бонкӣ ва дигар иттилои сиррӣ розигии қаҳрамони матлабро ба даст оранд.

Бино бар қонуни нав, муҳлати посухи ниҳодҳои давлатӣ ба дархостҳои рӯзноманигорон аз 3 то ба 7 рӯзи корӣ дароз шуда, аз сомонаҳои Қазоқистон талаб мешавад, ки шахсияти шарҳнависони матолиби худро муайян ва маълумот дар бораи онҳоро то се моҳ ҳифз кунанд.

Ҷомеаи рӯзноманигории Қазоқистон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз вакилони палатаи болоии порлумони ин кишвар хоста буданд, ки ин лоиҳаро напазиранд, чун он озодии расонаҳоро маҳдуд мекунад.

Ибтидои ҳафтаи равон, як қатор рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Қазоқистон, бахусус, созмони мудофеи расонаҳо "Адил соз" гуфтанд, бо ирсоли як муроҷиатнома аз Назарбоев хоҳиш хоҳанд кард, ки зери қонуни нави ВАО имзо нагузорад.

XS
SM
MD
LG