Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: гумонбарони ҳамла ба Фаронса дар Сурия боздошт шуданд


Оиша Мераҳ - хоҳари террорист Муҳаммад Мераҳ рӯяшро аз хабарнигорон мепӯшонад
Оиша Мераҳ - хоҳари террорист Муҳаммад Мераҳ рӯяшро аз хабарнигорон мепӯшонад

Дар шимоли Сурия якчанд гумонбари фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Фаронса боздошт шуд. Яке аз онҳо эҳтимолан нафарест, ки дар таъсиси шабакаи ҷалби ҷиҳодиҳо аз Фаронса айбдор эълон шудааст. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 27 декабр гузориш дод. Ба маълумоти шабакаи телевизионии LCI-и Фаронса, рӯзи 17 декабр шибҳанизомиёни курд се шаҳрванди Фаронсаро дар наздикии марзи Ироқ боздошт карданд.

Яке аз дастгиршудаҳо Томас Барнуӣ буд, ки ба маълумоти хадамоти амнияти Фаронса соли 2014 барои ҳамоиш ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба Сурия рафт. Барнуӣ соли 2006 бо ҷурми таъсиси шабакаи ҷалби ҷиҳодиҳо дар минтақаи Тулуза ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ аз наздикони Муҳаммад Мераҳ - ҷангии исломӣ номбар мешавад, ки соли 2012 ҳафт нафар, бо шумули се кӯдаки яҳудиро дар ҳамин минтақа ба қатл расонд.

Барнуӣ ҳамчунин бо бародарон Фабьен ва Жан-Мишел Клэн наздикӣ дорад, ки садои онҳо ҳамчун эълонкунандаи ҳамлаи террористии ДИИШ дар Фаронса шиносоӣ шудааст. Соли 2015 дар пайи ин ҳамлаи террористӣ дар Фаронса 130 нафар кушта шуд.

Вазорати умури дохилии Фаронса гуфт, ки наметавонад хабари боздоштро тасдиқ ё такзиб кунад. Раҳбари хадамоти истихбороти дохилии Фаронса Лоран Нунес моҳи ноябр гуфт, ки сарфи назар аз суқути қаламравҳои таҳти назорати ДИИШ, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки террористҳо эҳтимол ҳамлаҳоеро алайҳи Фаронса барномарезӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG