Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Афғонистон дар Дарвоз бо 56 кг маводи мухаддир


Эшони Саид валади Раҳматшоҳ, шаҳрванди Афғонистон.
Эшони Саид валади Раҳматшоҳ, шаҳрванди Афғонистон.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як шаҳрванди 67-солаи Афғонистонро барои қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми зиёд боздошт кардааст. Ба иттилои Эҳсон Абдуллозода, як масъули дафтари матбуоти ВКД, Эшони Сайид валади Раҳматшоҳ 23-юми декабр дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз боздошт шуд.

Ба қавли ҷаноби Абдуллозода, Эшони Сайид мехост 56 килограмм маводи мухадирро дар Тоҷикистон фурӯшад. Аммо ба қавли ин масъули ВКД, мақомот ӯро дастгир карда, алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Қочоқи маводи мухаддир аз хатарҳои аслӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон боқӣ мемонад. Тақрибан ҳар моҳ мақомоти тоҷик аз задухӯрд бо қочоқбарони афғон хабар медиҳанд. Аз ҷумла, дар оғози моҳи равон Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз сӯи қочоқбарони афғон кушта шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марз дорад ва қочоқи маводи мухаддир мушкили рақами яки марзбонҳои тоҷик ба шумор меравад. Аз сӯи дигар, коршиносон мегӯянд, дар сурати набуди харидори “марги сафед” дар Тоҷикистон, қочоқчиён ҳам талоши убури марз ва интиқоли ин мавод ба хоки кишвари ҳамсояро нахоҳанд кард.

Мақомот ва ниҳодҳои зидди маводи мухаддир мегӯянд, қочоқчиёни афғон талош мекунанд моли худро тавассути хоки Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ва бахусус Русия интиқол диҳанд ва даромади бештаре ба даст оваранд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар 9 моҳи имсол дар марз бо Афғонистон 61 убури ғайриқонунии марз рух додааст, ки 26 ҳодиса бо даргирии мусаллаҳона анҷом ёфтааст. Дар ин амалиёт 13 қочоқчии мусаллаҳ куштаву як нафар захмӣ ва 19 нафари дигар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG