Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистону Покистон Толибонро ба музокироти сулҳ даъват карданд


Сарбозони амниятии Афғонистон дар саҳнаи ҳамлаи Қандаҳор. 22 декабри соли 2017
Сарбозони амниятии Афғонистон дар саҳнаи ҳамлаи Қандаҳор. 22 декабри соли 2017

Вазорати умури хориҷии Покистон ва Афғонистон дар як изҳороти муштарак аз гурӯҳи мусаллаҳи Толибон даъват карданд, ки ба музокироти сулҳ ҳамроҳ шавад. Мулоқоти намояндагони ду кишварро Чин бо ҳадафи эъмори равобити Кобул ва Исломобод ташкил кард.

Муроҷиати ахир баъди мулоқоти Хавая Муҳаммад Осиф, вазири хориҷии Покистон ва Салоҳиддин Раббонӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷии Афғонистон, бо ҳамтои чиноии онҳо Ван И рӯзи 26 декабр дар Пекин пахш шуд.

Дар ин муроҷиат ҳукумати се кишвар ба "музокироти густарда бо иштироки ҷонибҳо дар раванди мусолиҳа" даъват карданд. Аз Толибон низ даъват шуд, ки дар раванди сулҳсозӣ иштирок кунанд.

Вазирони хориҷӣ ҳамчунин омодагии худро барои муқовимат бо тероризм баён доштанд ва гуфтанд, ба ҳеҷ кишвар, созмон ва афроди алоҳида иҷоза намедиҳанд, ки қаламрави онҳоро барои фаъолиятҳои террористӣ алайҳи кишварҳои дигар истифода кунанд.

Мақомоти Афғонистон кишвари ҳамсояи Покистонро ба ин муттаҳам мекунад, ки баъди суқути ҳукумати Толибон дар соли 2001 ва оғози маъракаи зиддитеррористии таҳти назари Амрико дар Афғонистон, ба Толибон паноҳгоҳ додааст.

XS
SM
MD
LG