Дар Бишкек намояндагони чанд ташкилоти ҷамъиятӣ талаб доранд, ки созмондиҳандагони намоиши муди либоси сагҳо ҷарима шаванд. Дар ин намоишгоҳ ба саге кулоҳи сафеди миллии қирғизӣ пушонида буданд, ки аксарият онро таҳқири рамзи миллӣ номиданд.
"Ин ҳодиса моро хеле ғамгин кард. Дилам барои кулоҳи сафед месӯзад. Ин кулоҳест, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Он муқаддас аст. Онро мо ҳамеша болои сарамон нигаҳ медорему ҳатто рӯи фарш намегузорем", - мегӯяд Алмосбек Жазибоев, раиси созмони "Шӯрои ҷавонони мардуми қирғиз".
Созмондиҳандагони намоиш мегӯянд, онҳо хостанд, як шӯхӣ кунанд. Вале фаъолони маданӣ пӯшондани кулоҳи сафедро ба саг таҳқири мардуми қирғиз ва ҳатто барангехтани адовати миллӣ меноманд. Алмосбек ва ҷонибдоронаш аллакай вакили дифоеро киро карда, мехоҳанд, ба унвони президент, сарвазир ва порлумони Қирғизистон нома нависанд. Онҳо мегӯянд, ташкилкунандагони намоишгоҳ бояд аз мардуми қирғиз узр пурсанд ва ҷарима шаванд.
Дар намоишгоҳи муди мазкур сагҳо дар либоси миллии кишварҳои дигар низ иштирок карданд, вале ҳеҷ яки онҳо норозигии фаъолонро ба бор наовард.
Ҳодисаи ҳамсони таҳқири рамзи миллӣ дар Қирғизистон ду сол пеш ҳам рух дода буд. Як корманди ширкати бритониёии истихроҷи маъданҳои куҳӣ “Сентерра Голд” дар “Фейсбук” зери акси ғизои миллии қирғизӣ шарҳ навишта, онро бо узви таносули асп монанд кард. Баъдан ӯ бо талаби кормандони кони тилои “Қумтор” барои ин шарҳаш узрхоҳӣ кард.