Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ дар СБУ ҳозир нашуд


Михаил Саакашвилӣ, раҳбари ҷумбиши украинии “Ҳизби нирӯи нав” ва собиқ президенти Гурҷистон, тибқи гузоришҳо, аз ҳозир шудан дар СБУ – қароргоҳи Хадамоти амнияти миллии Украина худдорӣ кард. Ӯро рӯзи 26 декабр барои саволу ҷавоб даъват карда буданд. Павло Боҳомазов, вакили дифои Саакашвилӣ гуфт, ки зерҳимояаш дар оғоз ният дошт, ки аз рӯи вақти таъиншуда сотаи 11 рӯз дар ин сохтор ҳозир шавад.

Вале баъдан маълум шуд, ки ӯ дар ин сохтор пайдо нашуд. Дар даъвати дигаре Саакашвилӣ бояд намунаҳои садои худро барои тафтишот сабт мекард. Вакили дигари Саакашвилӣ гуфтааст, ки ӯ дар як рӯз наметавонист дар ду сохтор ҳозир шавад. Руслан Чорнолутский, вакили дигари дифои Саакашвилӣ гуфт, ки аз мақомот дархост карданд, ки даъватро ба санаи дигар гузаронанд. Саакашвилӣ дар остонаи ин нишаст ба вакилонаш гуфтааст, ки мақомот шароити аз қаламрави ин кишвар берун кардани ӯро заминасозӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG