Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов харҷи ҳунарнамоии Энрике Иглесиасро мепардозад


28 декабр дар Қасри санъати "Истиқлол"-и шаҳри Тошканд яке аз машҳуртарин сарояндаҳои Испания Энрике Иглесиас ҳунарнамоӣ мекунад. Харҷи ҳунарнамоии Иглесиасро олигархи узбактабори Русия Алишер Усмонов мепардозад.

Вазорати фарҳанги Узбакистон ва Иттиҳоди ҷавонони ин кишвар ҳамроҳ бо чанд созмони дигар билетҳои консерти мазкурро миёни ҷавонони боистеъдоди узбак ройгон тақсим мекунанд.

Ба ҷуз ин, ҷавонони муассисаҳои таълимии гуногун, ки дар таҳсил ба дастовардҳо мушарраф шудаанд, низ метавонанд ба консерт роҳ ёбанд.

Энрике Иглесиас - севумин сарояндаи ғарбӣ аст, ки дар моҳи ҷорӣ бо даъвати Алишер Усмонов ба Узбакистон меояд. Дар моҳи ҷорӣ дар Тошканд сарояндаи бритониёӣ Роббӣ Уилямс ва ҳунарманди машҳури испанӣ Хосе Каррерас ҳунарнамоӣ карданд.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, консерти ситораҳои Ғарб дар Тошканд туҳфаи солинавии Усмонов ба сокинони Узбакистон аст.

XS
SM
MD
LG