Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Қирғизистон ба мулоқоти Назарбоев меравад


Мулоқоти рӯзи 30 ноябр дар Минск

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков имрӯз, 25 декабр дар доираи як сафари расмӣ ба Қазоқистон меравад. Ба огаҳии дастгоҳи президенти Қирғизистон, Ҷеенбеков дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Раҳбарони ду кишвар дар ин гуфтугӯ масоили марбут ба ҳамкориҳои Бишкеку Остонаро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ мекунанд.

Назарбоев ҳамтои нави қирғизашро 30 ноябр, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск ба Остона даъват карда буд. Он замон президенти Қазоқистон Ҷеенбековро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфта, изҳор дошт, ки "робитаҳои неки ҳамсоядорӣ"-и ду кишвар бояд барқарор шаванд.

Муносибатҳои Бишкеку Остона баъди он бад шуданд, ки Алмосбек Отамбоев дар рӯзҳои ахири президенти Қирғизистон буданаш ҳамтои қазоқи худро интиқод кард. Дар моҳҳои октябр ва ноябр вазъ дар марзи ду кишвар бадтар шуда, навбатпоиҳои тӯлонӣ ба миён омад. Ин вазъ танҳо пас аз дидори Ҷеенбекову Назарбоев дар Минск ва гуфтугӯи баъдии ҳукуматҳои ду кишвар тағйир ёфт.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон афзудааст, ки 26 декабр Ҷеенбеков барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озими шаҳри Мосва мешавад.

Видеоҳои охирин

Парвандаи қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар додгоҳ. "Мумкин мурофиа озод гузарад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG