Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пучдемон аз ҳукумати Испания хост, барои бозгашташ иҷоза диҳад


Карлес Пучдемон
Карлес Пучдемон

Карлес Пучдемон, раҳбари ҷудоиталаби минтақаи Каталония, ки дар Белгия қарор дорад, аз ҳукумати Испания хостааст, барояш иҷозаи бозгашт бидиҳад. Ӯ гуфтааст, ки мехоҳад ҷаласаи порлумони Каталонияро ифтитоҳ карда, раёсати минтақаро дубора бар уҳда гирад.

Пучдемон рӯзи 23-юми декабр дар як мусоҳибаи худ бо расонаҳо гуфт, «ман мехоҳам ба Каталония ба зудӣ баргардам. Мехоҳам ҳамин ҳоло баргардам. Ин як хабари хуб барои Испания хоҳад буд.»

Ӯ қабл аз фирор аз ин кишвар раҳбари Каталония буд. Ҳукумати Испания тасмим гирифтааст, Пучдемонро ба хотири нақшаш дар ташкили раъйпурсӣ дар мавриди истиқлоли Каталония аз Испания ва эълони истиқлоли ин минтақа боздошт кунад.

Вай дар ҳоли ҳозир дар Белгия қарор дорад. Ҳизбҳои ҷудоиталаб дар интихоботи минтақаӣ рӯзи 21-уми декабр дар Каталония тақрибан аксарияти курсиҳоро дар порлумон ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG