Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нойерт: Амрико тавониҳои дифоии Украинаро боло мебарад


Ҳизер Нойерт, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико
Ҳизер Нойерт, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, тасмим гирифтааст, ки Украинаро бо зарфиятҳои дифоии бештар муҷаҳҳаз кунад.

Ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, ин иқдом ба хотири дифоъ аз ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи ин кишвар сурат мегирад.

Ҳизер Нойерт, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 22-юми декабр гуфт, бо ин кумак нирӯҳои украинӣ тавоноии бештар хоҳанд ёфт, то аз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзиашон ҳимоят кунанд.

То ҳанӯз Русия дар ин маврид вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG