Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марди 41-солаи шаҳри Панҷакент, ки аз Русия баргашта, мехост ҳамсарашро бикушад, боздошт кард.
Ба иттилои вазорат, замони дар муҳоҷират қарор доштан ҳамсари ин мард шавҳар карда, ғазаби мардро бедор мекунад.
“Номбурда, аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Федератсияи Россия баргашта, хабардор шудааст, ки ҳамсараш, зани 32-сола ба сокини ҷамоати деҳоти Х.Ҳасани шаҳри мазкур ба шавҳар баромадааст”-гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои расмӣ, ин марҳ соатҳои 7 шоми рӯзи 25-уми ноябри соли ҷорӣ "аз ҳиссиёти рашк дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бо корди хоҷагии дар дасташ буда, бо мақсади ба қатл расонидан якчанд маротиба ба аъзои бадани зан задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд”.
Нисбати ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Қаблан, ҳодисаҳои куштори занон аз ҷониби собиқ ҳамсарон сабт шуда буд. Аммо хабари шавҳар кардани зан ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан бори аввал аст, ки нашр мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ин ҳодисаро шарҳ надодааст.