Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хонаводаи шоҳиди қазияи фирори Эрон аз таҳримҳоро боздошт мекунад


Шохаи "Halkbank" дар Стамбул
Шохаи "Halkbank" дар Стамбул

Додситони Истамбул фармони боздошти хонаводаи муфаттиши пешини пулисро содир кард, ки чанде пеш дар бораи "қазияи таҳримҳои Эрон" ба додситонҳои ИМА шаҳодати бисёр муфид дод. Дар ин бора матбуоти давлатии Туркия гузориш додааст.

Матбуот рӯзи 20 декабр навишт, ки амри боздошти волидони Ҳусейн Коркмаз баъди шоҳидии ӯ дар қазияи додгоҳи ИМА содир шуд. Коркмаз шаҳодат дод, ки санадҳои марбут ба таҳқиқи парвандаи фирори Эрон аз таҳримҳои байналмилалӣ дар соли 2013-ро ба модараш дода буд.

Биноба гузориши Хабаргузории Анадолу, додситони Истамбул ҳамчунин мехост ҳамсар, бародар ва ду хоҳари Коркмазро боздошт кунад, вале пулис онҳоро дар макони иқоматашон пайдо накард.

Коркмаз, аз рӯи қазияе дар додгоҳи ИМА шоҳидӣ дод, ки дар он раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва дигар мақомҳои баландпояи кишвар дар заминаи таҳқиқи парвандаи фирори Эрон аз таҳримоҳои байналмилалӣ ҳадаф қарор гирифтаанд. Муфаттиши пешини пулиси Туркия гуфт, ки баъди фирор аз ватан бисёр санадҳоро дар ихтиёри додситонҳои Амрико қарор дод.

Мурофияи ин қазия дар Ню Йорк равобити Ийолоти Муттаҳида бо Эрдуғонро хароб кард. Эрдуғон мегӯяд, ки ин қазия "ҷамбаи сиёсӣ дорад.

Коркмаз шоҳиди парвандаи Меҳмед Ҳаққон Атилла, раҳбари пешини бонки вомдиҳандаи давлатӣ - "Halkbank" аст, ки гуфта мешавад барои фирор аз таҳримҳои байналмилалӣ ба Эрон кӯмак кардааст ва мақомоти Туркия инро медонистанд.

XS
SM
MD
LG