Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз Русия даъват кард, ки силоҳҳояшро аз Украина берун кунад


Сарбози Украина дар макони ҳамлаи Град.19 декабри соли 2017

Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Ҳизер Нойерт рӯзи сешанбеи 19 декабр дар нишасти матбуотии Вашингтон аз Русия даъват кард, ки ба даргириҳо дар шарқи Украина хотима гузорад ва силоҳҳои сангинашро аз қаламрави Украина берун кунад.

"Русия ва гурӯҳҳои таҳти фармондеҳияш манбаи зӯроварӣ дар шарқи Украина буда, ҳукумати Русия ба таври фаъолона аз низоъ ва бӯҳрони гуманитарӣ дар ин минтақа пуштибонӣ мекунад",- гуфт Нойерт.

Ба гуфтаи Ҳизер Нойерт низои шарқи Укриана ҷанги шаҳрвандӣ аст. "Ба ном Ҷумҳуриҳое, ки Русия таъсис додааст, ташаккулҳои қонунӣ нестанд",- афзӯд сухангӯи Департаменти давлатӣ.

Масъалаи истиқрори нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Украина борҳо аз аз тарафҳои мухталиф матраҳ шудааст. Кремл низ зоҳиран миссияи сарбозони посдори сулҳро қабул дорад, аммо пофишорӣ мекунад, ки онҳо танҳо дар хати бархурди нерӯҳои Украина ва ҷудоиталабон ҷойгир шаванд. Ин дар ҳолест, ки Украина мехоҳад нерӯҳои сулҳҷӯ ҳам дар хати бархурди нерӯҳо ва ҳам дар марзи Украина бо Русия мустақар шаванд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё афви умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG