Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни арӯсу домодҳои русҳо дар Маскав


15 дар сади издивоҷҳое, ки соли 2017 дар шаҳри Маскав сабт шудаанд, бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон будааст. Дар ин бора Ирина Муравева, раиси идораи Сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Маскав ба хабаргузориҳои русӣ иттилоъ додааст. Дар миёни хориҷиҳое, ки бо шаҳрвандони Русия оила барпо кардаанд, шаҳрвандони Украина, Беларус, Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон, Ветнам, Туркия, Исроил, Итолиё, Олмон, Бритониё, Сурия, Фаронса, Миср ва ИМА мебошанд. Дар маҷмӯъ соли ҷорӣ дар ЗАГСҳои пойтахти Русия 83951 мавриди ақди никоҳ сабт шудааст, ки беш аз 3500 ҳолат бештар назар ба соли гузашта будааст. Шумори занону мардони руси бо хориҷиҳо издивоҷкарда тақрибан баробар будааст. Шумори бештари издивоҷҳо бо хориҷиҳо дар 34-солагӣ сабт шудааст. Аз миёни беш аз 40 ҳазор талоқҳо танҳо дар 4 % ҳолатҳо оилаҳо бо иштироки хориҷиҳо аз ҳам пошидаанд.

XS
SM
MD
LG