Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ДОИШ ба калисои масеҳиён дар Кветта


Ҳамла дар ин шаҳр сурат гирифт.
Ҳамла дар ин шаҳр сурат гирифт.

Мақомоти Покистон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи як бомбгузори маргталаб ба калисое дар шаҳри Кветта дасти кам 7 нафар кушта шуданд ва 30 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамла дар рӯзи 17-уми декабрро бар дӯш гирифт. Сарфароз Буғтӣ, раиси вилояти Балучистон гуфт, ҳангоми ибодати 400 нафар зану мард ва кӯдакон дар остонаи Иди фусҳо, ду маргталаб ба калисо ҳамла бурдаанд.

Яке аз онҳо камарбанди таркандаашро дар назди дар мунфаҷир кардааст, дигариро маъмурони пулис пеш аз тарконидани камарбанд куштаанд. Ба гуфтаи раиси вилояти Муаззам Ансорӣ, “тамоми қурбониён дар дохили калисо будаанд ва аз зарби пораҳои дару шишаҳо ҷон додаанд.

Вилояти Балучистон, ки Эрону Афғонистон ҳаммарз аст, дар гузашта шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ, ҳамлаҳои тундравони исломӣ ва ҷудоиталабон шудааст. Дар инҷо аз соли 2004 то кунун ҳазорон нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG