Пайвандҳои дастрасӣ

Украина Саакашвилиро ба Гурҷистон таслим хоҳад кард


Михаил Саакашвилӣ

Додситони кулли Украина гуфт, ки Михаил Саакашвилӣ, мухолифи ҳукумат, ба Гурҷистон таслим карда хоҳад шуд. Юрий Лутсенко рӯзи 16-уми декабр дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Пеш аз ин, ҳукумати Гурҷистон истирдоди Михаил Саакашвилиро аз Украина тақозо карда буд.

Михаил Саакашвилӣ, ки соли 2003 инқилоби садбаргҳоро дар Гурҷистон раҳбарӣ кардааст, аз 2004 то 2013 президенти ин кишвар буд. Ӯ маъракаи мубориза бо фасодро роҳандозӣ кард, вале дар ниҳоят худаш дар сӯистифода аз мақом гунаҳкор шуд.

Нисбат ба ӯ дар Гурҷистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай ин иттиҳомотро рад карда, аз кишвар берун шуд. Дар авҷи эътирозҳои “Евромайдан” Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, Саакашвилиро, ки аз замони донишгоҳ бо ҳам дӯст ҳастанд, волии Одесса таъин кард.

Соли 2015 ӯ аз шаҳрвандии Гурҷистон даст кашид. Вале соли 2016 ба истеъфо рафт ва гуфт, ки Порошенко ва тарафдоронаш ба ислоҳоти шурӯъкардаи ӯ монеъ шуданд. Порошенко моҳи июни соли 2017, замоне ки Саакашвилӣ бо як сафар дар Амрико буд, ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард.

Тайи ҳафтаҳои ахир Михаил Саакашвилӣ ду бор аз тарафи нирӯҳои амниятии Украина дастгир шуда, бори аввал аз сӯ тарафдоронаш ва бори дувум бо қарори додгоҳ раҳо гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG