Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат аз мардум хост, зимни арчагузорӣ эҳтиёт кунанд


Мақомоти Тоҷикистон ба мардум тавсия додаанд, ки зимни гузоштани арчаҳои солинавӣ эҳтиёт кунанд, то рӯзи хурсандиашон ба фоҷиа табдил наёбад. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 15-уми декабр тавсияномаи мутахассисони идораи оташнишониро нашр кард, ки дар он омадааст, “бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампалнигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт. "

Дар Тоҷикистон ҳар сол рӯзи 31-уми декабр соли нави милодиро таҷлил мекунанд ва дар гузашта, ҳодисаҳои оташ гирифтани арчаҳои солинавӣ ва сӯхтор дар натиҷаи оташбозӣ мушоҳида шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG