Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Покистон ба манфиати Имронхон анҷомид


Додгоҳи олии Покистон гуфт, ки талаби зидди сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Имронхонро, ки дар пинҳонкории дороиҳояш гунаҳгор мешуд, қонеъ намекунад. Ин иттиҳом метавонист пеши роҳи сиёсатмадорро дар ишғоли мақоми бигирад.

Мурофиаи иборат аз се додрас гуфт, ки далели қонуншикании Имронхонро пайдо накард, ҳарчанд Додгоҳи олӣ аз комиссиюни интихоботӣ тақозо кард, ки бисанҷад, то куҷо ҳизби “Таҳрики инсоф”-и ӯ аз хориҷа маблағгузорӣ шудааст.

Додгоҳ мушовири наздики Имронхон – Ҷаҳонгир Таринро, ки як вакили маҷлис аст, бекор кард.

Имронхон, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Таҳрики инсоф” дар пинҳон кардани дороиҳои молии худ, доштани ширкатҳои оффшорӣ ва барои дарёфти маблағгузорӣ аз хориҷа барои пешбурди фаъолиятҳои сиёсӣ гумонбар мешавад. Собиқ нахуствазир ва раҳбари ҳизби ҳокими Лигаи мусалмонони Покистон Навоз Шариф моҳи ноябри соли 2016 додгоҳ зидди Имронхон ба шикоят кард. Бо қарори додгоҳи олӣ, худи Навоз Шариф бо айни иттиҳоми пинҳон кардани дороиҳояш дар моҳи июл аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд. Навоз Шариф гуфтааст, ки ҳеҷ кори баде накардааст.

Видеоҳои охирин

Падар – мурда, модар – зиндонӣ. Тифли 8-моҳаи тоҷик дар боздоштгоҳи Ироқ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:54 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG